“Амалиёти махсуси низомӣ (АМН) барои он идома дорад, то зарбаҳое ба монанди ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина (НМУ) ба Санкт-Петербург набошанд”. Дар ин бора сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков изҳор дошт, ки суханони ӯро “РИА Новости” овардааст.
“Дар маҷмӯъ, ман гуфта метавонам, ки барои рух надодани чунин зарбаҳо амалиёти махсуси низомӣ идома дорад” – гуфтааст Песков ба хабарнигорон дар посух ба суол дар бораи зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин.
Қаблан хабар дода шуд, ки дар Санкт-Петербург аз сабаби зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин харобиҳо ва зарардидагон ҳастанд. Объектҳо дар Кронштадт, ноҳияҳои Киров ва Красноселск мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.
Илова бар ин, шабона ба вилояти Ленинград ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ ҳамла кардаанд. Ба гуфтаи губернатор Александр Дрозденко, 59 ҳавопаймоҳои бесарнишин дар минтақа сарнагун карда шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь