Доналд Трамп мегӯяд, ки музокироти ИМА ва Эрон метавонад дар ду рӯзи оянда дар Покистон аз нав оғоз шавад. Дар мусоҳиба бо New York Post, президент инчунин нақши сардори артиши Покистонро дар даври аввали музокирот ситоиш кард.

Дар ҳамин ҳол, Фармондеҳии марказии ИМА (CENTCOM) мегӯяд, ки дар 24 соати аввали муҳосираи баҳрии Эрон ягон киштие аз муҳосираи ИМА нагузаштааст. Ба гуфтаи CENTCOM, шаш киштии тиҷоратӣ “роҳнамоии додаи нерӯҳои ИМА-ро иҷро карданд” ва “боз ба бандари Эрон ворид шуданд”. Ин дар ҳолест, ки пайгирии киштиҳо нишон медиҳад, ки аз замони оғози муҳосираи баҳрӣ чор киштии марбут ба Эрон аз гулӯгоҳи Ҳурмуз гузаштаанд. Дутои ин киштиҳо пеш аз убур аз он дар бандарҳои Эрон лангар андохта буданд ва се киштӣ таҳти таҳримҳои ИМА қарор доштанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь