Ба гуфтаи мақомоти маҳаллии Тотористон (Русия) ҳангоми ҳамлаи шабонаи Укроин яке аз ҳавопаймоҳои бесарнишин ба хобгоҳи коргарон дар минтақаи саноатии Нижнекамск бархӯрдааст. Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар ин ҳодиса кушта шудаанд.

Шумораи қурбониёни ӯзбекистонии ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин ба Нижнекамск ба ҳашт нафар расидааст. Тибқи иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Узбекистон, боз чанд шаҳрванди Узбекистон маҷруҳ ва дар беморхона бистарӣ шудаанд. Ба гуфтаи вазорат, қурбониён коргарони сохтмон дар як ширкати сохтмонӣ буданд.

Рустам Минниханов, президенти Тотористон, ба президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон изҳори таслият кард.

Ситоди генералии Нерӯҳои мусаллаҳи Укроин эълон кард, ки шаби 10-уми август, дар доираи талошҳо барои “кам кардани потенсиали низомии Русия”, нерӯҳои укроинӣ ба корхонаи коркарди нафти Танеко дар Нижнекамск зарба заданд. Ба гуфтаи ҷониби Укроин, дар иншоот сӯхтор ба амал омадааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь