Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ, ки рӯзҳои 7-21-уми ноябр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор мешаванд, ширкат менамоянд.
Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Риёз таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ (ISSA) баргузор мешавад.
Арабистони Саудӣ бори дуюм аст, ки мизбони ин чорабинии варзишии минтақавӣ мешавад. Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо варзишгарони 57 кишвар аз рӯи 19 намуди варзиш қувва меозмоянд.
Тоҷикистонро дар ин Бозиҳо 69 варзишгар дар 12 намуди варзиш, ба монанди бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, гуштии озод ва юнону румӣ, камонварӣ, кураш, таеквондо WT, тенниси рӯи миз, ҷудо, инчунин навъҳои паралимпӣ муаррифӣ мекунанд.
Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ, ки 7-уми ноябр дар Риёз доир мегардад, Эмомалӣ Нуралӣ, барандаи медали нуқраи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни бузургсолон ва Мадина Қурбонзода, қаҳрамони ҷудои Осиё-2025 миёни духтарон парчамбардорони ҳайати варзишии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Тоҷикон дар Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ
Блоки рекламавӣ


