Дар Тоҷикистон тайи ним соли гузашта 27 ҳазору 563 никоҳ сабт шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблияш 2793 ҳолат камтар аст, хабар дод Кумитаи кор бо занон ва оила.
Ҳамзамон шумораи бекоршавии ақди никоҳи дар ин давра 3526 ҳолат будааст, ки назар ба шашмоҳаи соли қаблӣ 591 ҳолат камтар аст.
Дар шаш моҳи гузашта 141 ақди никоҳ бо кам кардани синну соли никоҳ сурат гирифтааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 89 маврид камтар аст. Ба иттилои масъулин синни никоҳӣ дар асоси қарори додгоҳ сурат гирифтааст. Умуман ин муддат дар ҷумҳурӣ беш аз 27,5 ҳазор ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст.
Блоки рекламавӣ



