Тими миллии футболи Тоҷикистон зери раҳбарии Игор Ангеловский, мутахассиси 50-сола аз Мекодонияи Шимолӣ, дар бозии аввали дӯстона мунтахаби Ҳиндустонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.
Ин бозӣ дар доираи рӯзҳои расмии FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) шаби ҷумъаи 5-уми июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода бо ҳузури беш аз 10 ҳазор тамошобин баргузор шуд.
Дар дақиқаи ҳаштум ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон Шериддин Бобоев аз ҷаримаи 11-метрӣ ҳисобро боз кард. Голи дувумро ҳимоятгар Меҳрубон Каримов дар дақиқаи 62-юм аз ҷаримагоҳ бо зарбаи сар равон кард. Баъди панҷ дақиқа нимҳимоятгар Эҳсони Панҷшанбе низ аз ҷаримагоҳ голи сеюмро ба самар расонид.
Голи ягонаи меҳмононро Фаррух Ҳоҷӣ Қасам, бозигари мунтахаби Ҳиндустон, дар дақиқаи 89-ум ба дарвозаи мизбонон зад.
Дидор бо мунтахаби Ҳиндустон дар Турсунзода нахустин бозии тими миллии Тоҷикистон бо сарварии Игор Ангеловский дар мақоми сармураббӣ аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь