Дар Тоҷикистон даври нави барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил баргузор мегардад.
Тибқи фармони Президенти кишвар, ин маърака моҳи октябри соли 2030 мегузарад ва аз ҳоло бояд омодагӣ ба он оғоз мешавад. Аз ҷумла ба Оҷонсии омор иҷозат додаанд, ки дар дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳояш дар минтақа 143 кормандони кироя ё шартномавӣ ҷалб кунад.
Ин кормандони кироя аз соли 2026 то охири соли 2030 кор мекунанд, маошашон бояд аз буҷаи кишвар пардохт шавад.
Мақомот мегӯянд, маълумот дар бораи шумораи аҳолӣ барои таҳияи барномаҳои давлатӣ ва маълум кардани равандҳои демографӣ зарур аст.
Дар Тоҷикистон ҳар даҳ сол як маротиба барӯхайтгирии аҳолӣ ва фонди манзил баргузор мешавад. Чунин маърака бори ахир соли 2020 гузашта буд.
Тибқи охирин омор, ки аввали соли 2026 нашр шуд, аҳолии Тоҷикистон ба 10,7 миллион нафар расидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь