Президенти Тоҷикистон ба роҳбарони се кишвар Эрон, ИМА ва Покистон барқияи табрикӣ равон кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон Эрон, Амрико ва Покистонро бино бар имзои тавофуқномаи сулҳ табрик гуфтааст.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод.
Раҳбари Тоҷикистон ба Масъуд Пизишкиён ва Доналд Трамп ҳамтоёни эронӣ ва амрикоиаш ба муносибати дастёбияшон ба созиши сулҳ номаи табрикотӣ ирсол кардаанд.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон дар номае алоҳида аз Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон барои талошҳо дар миёнҷигарӣ ва ҳалли ҷанг аз ин кишвар изҳори сипос намудааст.
Блоки рекламавӣ



