Дар натиҷаи корҳои омӯзишии анҷомдодаи мутахассисони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳудуди ёдгориҳои бостонии ноҳияи Темурмалик якчанд бозёфтҳои нодири мансуб ба асри биринҷ ва давраи Кушониёни мансуб ба давлатдорӣ, шаҳрсозӣ ва хоҷагидории ниёгон бозёфт карда шуданд. 

Бозёфтҳои мазкур дорои аҳамияти баланди илмӣ ва таърихӣ буда, дар айни замон мавриди омӯзиш ва таҳқиқоти илмии мутахассисон қарор гирифтаанд. Натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ пас аз анҷоми омӯзиш дар шакли ҳисоботи илмӣ ва таҳлилӣ пешниҳод мегарданд.
Бозёфтҳои нодири мансуб ба асри биринҷ ва давраи Кушониён дар натиҷаи гузаронидани корҳои муайянсозӣ, шиносоӣ, омӯзиш ва таҳқиқи вазъи ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихию бостонии мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Темурмалик ва Восеъ, инчунин ҷамъоварии маълумоти саҳеҳ оид ба вазъи ёдгориҳои таърихию бостонӣ ва таҳияи маводи таҳлилӣ ба даст оварда шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь