Моҳи майи соли равон ба зодрӯзи Шоири Халқии Тоҷикистон, устоди равошод Лоиқ Шералӣ 85 сол пур мешавад ва ба ин муносибат мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент баргузории маҷмӯи чорабиниҳои ташкилию фарҳангиро пешбинӣ намудааст.
Дар ин радиф раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз зодгоҳи шоир – деҳаи Мазори деҳоти Лоиқ Шералӣ, дидан намуд.
Зимни боздид аз хона- музей ва майдони саҳни муҷассамаи шоир дар маркази деҳа ба масъулини деҳоти Лоиқ Шералӣ, бахши фарҳанг ва дигар ниҳодҳои марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати дар мӯҳлати кӯтоҳ ба анҷом расонидани таъмири ҷории онҳо, тозаю озода намудани роҳу кӯчаҳои деҳа, насби шиору овезаҳо ва дигар корҳои ободонӣ дастур дода шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь