23 октябри соли 2025 Шурои Иттиҳоди Аврупо бастаи навбатии таҳримҳо (бастаи 19-ум)-ро нисбат ба Федератсияи Руссия қабул намуд, ки он фаъолияти як қатор бонкҳо ва ширкатҳои кишварҳои сеюм, аз ҷумла Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва ғайраро дарбар мегирад.
Вобаста ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва дигар мақомоти ваколатдор ҳолати мазкурро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш ва пайгирӣ қарор дода, ҷиҳати муайян намудани сабабҳо ва кам кардани эҳтимолияти пайомадҳои манфӣ бо шарикони байналмилалӣ машварат намуда истодааст.
Айни ҳол, хизматрасониҳои бонкӣ барои муштариён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас буда, дар реҷаи муқаррарӣ анҷом дода мешаванд. Амалиётҳои бонкии дохили кишвар, хизматрасонии ҳисобҳо, кортҳо, банкоматҳо, замимабарномаҳо ва хизматрасониҳои электронӣ тибқи нақша иҷро мегарданд.
Барои интиқолҳои байналмилалӣ ба баъзе самтҳо мумкин аст санҷишҳои иловагӣ ё тағйирот дар усулҳои стандартии иҷрои онҳо ҷорӣ шаванд. Муштариён доир ба имконияти анҷом додани чунин амалиётҳо огоҳ карда мешаванд. Фаъолияти низоми бонкӣ бо риояи қонунгузории амалкунанда идома дошта, барои таъмини фаъолияти мунтазам, субот ва ҳифзи манфиатҳои муштариён тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Қобили қайд аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон аҳамияти ҳамкории созанда бо шарикони байналмилалиро ба инобат гирифта, барои таҳкими суботи низоми молиявӣ ва рушди устувори иқтисоди кишвар саъю кӯшиш менамояд.
Дар ин маврид Шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь