Зиёда аз 600 хона бар асари сӯхторҳои ҷангал дар Вашингтон хароб ва ҳазорҳо нафар кӯчонида шудаанд. Сӯхтори бузурге 30 июл дар шимолу ғарби Иёлоти Муттаҳида оғоз ёфт.
Дар Спокан кӯчонидани оммавӣ эълон карда шуд; дар он наздикӣ аз се сӯхтор гузориш шудааст, ки ҳар кадоме беш аз 1700 гектарро фаро гирифтааст. Сӯхтор тақрибан 700 биноро нобуд, ё зарар расонидааст.
Ба гуфтаи CNN, ин бузургтарин оташсӯзии ҷангал дар минтақа дар 30 соли охир аст. Ду эскадрони Гвардияи миллӣ барои оташнишонӣ сафарбар карда шудаанд. Фармондори Вашингтон Боб Фергюсон дар саросари иёлат вазъи фавқулодда эълон кардааст.
Блоки рекламавӣ



