Имсол дар шаҳри Хуҷанд шаш корхонаи хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифодаи технологияҳои муосир ба маблағи 36,5 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Дар шаҳри Хуҷанд 329 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад. Дар семоҳаи якуми соли 2026 ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшуда ба 576,9 миллион сомонӣ аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 130,8 фоизро ташкил дод. Аз ин миқдор ба маблағи 99,9 миллион сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷӣ содирот карда шудааст, ки нисбат ба соли 2025 112,8 фоизро ташкил додааст.
Масъулини соҳаи саноати шаҳри Хуҷанд нақша доранд, ки барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсол ва таъсиси ҷойи нави кор тадбирҳо андешанд.
Блоки рекламавӣ



