Дар шаш моҳи аввали соли 2026 соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи минтақаи Бохтари вилояти Хатлон барои таъмиру азнавсозии роҳҳои автомобилгард беш аз 23 миллиону 608 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кардаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 миллиону 727 ҳазор сомонӣ зиёд буда, аз иштироки фаъоли бахши хусусӣ дар корҳои ободониву созандагӣ шаҳодат медиҳад.
Тавре сардори Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар» Тағайбекзода Исмон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт бо ин маблағҳо 35,1 километр роҳ асфалтпӯш, 138,25 километр роҳ шағалпӯш, 15 адад пул таъмиру барқарор ва 140 адад чароғи равшанидиҳанда насб карда шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша дар рушди инфрасохтори роҳҳо барои беҳтар гардидани шароити ҳаракати нақлиёт, таъмини амнияти роҳ ва ободу зебо шудани шаҳру ноҳияҳои минтақа нақши муҳим дорад.

Соҳибкорони минтақаи Бохтар ба роҳсозӣ 23,6 миллион сомонӣ саҳм гузоштанд
Блоки рекламавӣ


