Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо намояндаи махсуси президенти Амрико дар масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ вохӯрда, мавзӯи истихроҷи конҳои Тоҷикистонро баррасӣ кард.
Ин вохӯрӣ 10-уми июн дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор шуд.
Дафтари матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар хабарномае навишт, ки Шералӣ Кабир ба намояндаи махсуси президенти Амрико, дар бораи захираи конҳои Тоҷикистон ҳарф зад.
Ба гуфтаи Вазири саноат ва технолонияҳои нав, дар Тоҷикистон “қариб 800 кони метал ва минералҳо мавҷуд аст”, ки аз он танҳо 100 кон истихроҷ мешавад.
Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин гуфтаанд, конҳои дастнохӯрдаи Тоҷикистон “имкониятҳои васеъро барои ҷалби сармояи хориҷӣ дар ин самт фароҳам меорад”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь