Баъди марги фоҷиавии Алишер Мирзонабот, иҷрои вазифаҳои раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба уҳдаи муовини аввали раиси вилоят Шарифхон Сафарзода гузошта шуд.
Номи Сафарзода зери қароре дар бораи “даъвати Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят” ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ дарҷ шуд.
Ин қарорро “Рӯзномаи Бадахшон” рӯзи 19-уми июн нашр кардааст.
Як масъули ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон гуфт, Шарифхон Сафарзода тибқи қонун то таъйин шудани раиси нави вилоят вазифаҳои ӯро иҷро мекунад.
Шарифхон Сафарзода аз соли 2023 дар мақоми муовини аввали раиси вилоят, раиси ноҳияи Варзоб буд. Дар ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Душанбе ҳам кор карда буд.
Блоки рекламавӣ



