Дар рафти санҷиш аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 28-солаи сокини ноҳияи Шаҳристон бераҳмона ва мунтазам шаъну шарафи фарзанди ноболиғи ӯгаяш, духтарбачаи 15-солаи сокини ҳамин ноҳияро паст мезад. 13-уми октябри соли 2025 ноболиғ дар манзили истиқоматиаш худро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонид.
Дар номае, ки марҳум пеш аз маргаш навиштааст, таъкид намудааст, ки ба муносибати бераҳмонаи модари ӯгаяш тоқат карда натавониста, роҳи халосиро дар худкушӣ донистааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь