Дар Ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Рушди бокс мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ бунёд гардида, он аз толори тамрин, кабинети корӣ, ҳуҷраҳои либоспӯшӣ, ҳаммом ва ҷойи машқ барои обутоби бадан иборат мебошад, ки барои омода намудани варзишгарони болаёқат ва фароҳам овардани шароити мусоиди машқу тамрин мусоидат мекунад.
Майдони варзишии футбол барои 2000 ҷойи нишаст бо тарҳи муосир сохта шуда, он аз ҳуҷраҳои либоспӯшӣ, ҳуҷраҳои шустушӯй ва ҳуҷраҳои вип, утоқҳои омӯзишӣ иборат мебошад.
Иншоот комплексӣ буда, аз майдончаи хурди варзишии болопӯшида барои футбол, майдончаи замонавӣ барои бозии кӯдакон иборат буда, гулгашти замонавӣ барои истироҳату фароғати варзишгарону сокинони маҳал ва ҳавзи зебову гуворои назди он иншоотро зеботар гардонидааст.

Шаҳринав: Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ
Блоки рекламавӣ


