Як кураи ҳавоӣ, ки аз Узбекистон овардаанд, дар маркази шаҳри Хуҷанд се касро захмӣ ва боми ду хонаро вайрон кард.
Масъулони Идораи ҳолатҳои фавқулода дар маркази вилояти Суғд дар ин бора ҷузъиёт надодаанд. Соҳиби кураи ҳавоӣ Рустам Саидалиев пас аз муоинаи пизишкон аз беморхона ҷавоб шуда, Фирӯза Турсунова, сокини Хуҷанд ва кӯдакаш дар шифохона бистарӣ ҳастанд.
Ин ҳодиса якуми июн ва чанд лаҳза пеш аз барномаи ҳунарӣ бахшида Рӯзи ҷаҳонии ҳимоят аз кӯдакон рух додааст.
Сабаби ҳодисаро “шамоли сахт” номидаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь