Баъзе аз сармоягузорон аз Узбекистон барои сохтани корхонаҳои азим ба шимоли Тоҷикистон омадаанд.
Яке аз ин корхонаҳо “Суғдметал” аст, ки моҳи марти соли 2025 бо харҷи ним миллиард сомонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба кор сар кард. Яке аз сармоягузоронаш соҳибкоре аз Узбекистон аст.
Масъулони корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении “Технологияи полимерӣ” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфтанд дар ду соли гузашта бо ёрии мутахассисон аз Узбекистон шароити корро беҳтар кардаанд.
Ин корхона соли 2009 бо пули соҳибкори тоҷик фаъол шуда, аммо дертар ва ба далели ҷавобгӯ набудани маҳсулоташ ба талаботи бозор бо душворӣ дучор шуда буд.
Оҷонси омори Узбекистон гузориш дода буд, ки теъдоди корхонаҳо бо сармояи соҳибкорони тоҷик дар ин кишвар низ рӯ ба афзоиш будааст. Ҳоло дар Узбекистон 410 корхона бо сармояи соҳибкорони тоҷикистонӣ кор мекунанд. Моҳи ноябри соли гузашта теъдоди ин корхонаҳо 357 адад буд.
Дар ҳамин додугирифт байни Тоҷикистону Узбекистон афзуда, дар чор моҳи аввали имсол ба 285 миллион доллар расидааст.
Аз Тоҷикистон ба Узбекистон бештар маъдан, нерӯи барқ, ангишт, алюминий, нахи пахта ва маҳсулоти кишоварзӣ содир шудааст. Аз Узбекистон ба Тоҷикистон гази табиӣ, маҳсулоти нафтӣ, нерӯи барқ, масолеҳи сохтмонӣ, ҷиҳози хона ва маҳсулоти филизӣ овардаанд.
Ду кишвар мехоҳанд, дар чор соли оянда додугирифтро ба ду миллиард доллар расонанд.

Сармоягузорони узбек ба сохтани корхонаҳо дар Тоҷикистон ҳавасманд ҳастанд
Блоки рекламавӣ


