Садҳо нафар дар амалиёти ҷустуҷӯйи ҷасади Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамсараш Амина Амонуллоева, духтари дусолааш Орифа, ёвараш Садоншо Ҷанобалишо ва ронандааш Сино Муборакшоев иштирок доранд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо нашри як навори видеоӣ аз амалиёти ҷустуҷӯӣ гуфт, ки беш аз 100 наҷотбахши ин ниҳод дар баробари дигар сохторҳои қудратии кишвар амалиёти ҷустуҷӯиро идома медиҳанд.
Корҳои ҷустуҷӯӣ аз мавзеи ҳодиса оғоз гардида, дар минтақаҳои гуногуни ноҳияҳои Дарвоз ва Шамсиддин Шоҳин, минтақаи Кӯлоб ва дигар мавзеъҳо идома дорад.
Мошини хидматии Алишер Мирзонабот рӯзи 17-уми июн дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ афтода буд. Ӯ ва ҳамроҳонаш аз Душанбе ба Хоруғ мерафтанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби ҳодисаро “суръати баланд” ва “аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда” номида буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь