Рӯзҳои фарҳангии маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар 1 августи соли ҷорӣ дар боғи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор мегардад.
Чорабинии мазкур дар доираи Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ҳадафи он муаррифии дастовардҳои шаҳри Бохтар дар солҳои соҳибистиқлолӣ, инчунин муаррифии фарҳангу тамаддун, ҳунарҳои мардумӣ ва имкониятҳои иқтисодии шаҳр мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар барои баргузории ин ҳамоиши фарҳангӣ омодагии ҳамаҷониба дидааст. Дар доираи чорабинӣ намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, таомҳои суннатии тоҷикӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии шаҳр пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт мегардад.
Ҳамзамон, барномаи рангини консертӣ бо иштироки ҳунармандону аҳли фарҳанги шаҳри Бохтар баргузор шуда, фазои идона ва шукӯҳманди фарҳанги тоҷикро таҷассум хоҳад кард. Ин чорабинӣ саҳми арзандае дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва муаррифии имкониятҳои шаҳри Бохтар дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ хоҳад гузошт.

Марҳабо ба рӯзҳои фарҳангии шаҳри Бохтар дар шаҳри Душанбе!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь