Даври дуюми марҳалаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки дар се кишвар – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика ҷараён дорад, рӯзҳои 23-24-уми июн бо бозиҳо дар гурӯҳҳои К ва L хотима ёфт.
Дар даври дуюм дар гурӯҳи К мунтахаби Португалия тими Узбекистонро бо ҳисоби калони 5:0 шикаст дод. Ду голи португалиҳоро сарвони даста Криштиану Роналду дар дақиқаҳои 6-ум ва 39-ум ба самар расонид. Роналдуи 41-сола аввалин футболбозе шуд, ки дар шаш Ҷоми ҷаҳонӣ гол задааст.
Нуну Мендеш (17) ва Рафаэл Леао (87) якголӣ заданд. Автогол дар дақиқаи 60-ум ба номи дарвозабони мунтахаби Узбекистон Абдувоҳид Неъматов сабт гардид.
Бояд гуфт, пас аз онки ҳисоб 2:0 буд, нимҳимоятгари узбекҳо Азизҷон Ганиев голи зебо зад. Баъди зарбаи ӯ берун аз чаримагоҳ тӯб ба кунчи болои дарвоза ворид гашт, аммо бинобар бозии дағалонаи нимҳимоятгари узбекҳо Аббосбек Файзуллоев муқобили ҳимоятгари португалиҳо Жуан Канселу гол бекор карда шуд.
Дар бозии дигари гурӯҳи К тими миллии Колумбия мунтахаби Ҷумҳурии Демократии Конгоро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голи ягонаро Даниэл Мунйос Мехия дар дақиқаи 76-ум ба самар расонд.
Дар гурӯҳи К мунтахаби Колумбия, ки бо шаш имтиёз ҷойи якумро касб кардааст, ба даври плей-офф роҳ ёфт. Португалия 4 имтиёз, Конго як имтиёз гирифтаанд. Узбекистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.
Дар даври сеюм 28-уми июн соати 04:30 бо вақти Душанбе Колумбия бо Португалия ва Конго бо Узбекистон рақобат мекунанд.
Дар даври дуюми рақобатҳои гурӯҳи L мунтахаби Хорватия тими Панамаро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голро Анте Будимир дар дақиқаи 54-ум зад. Бозии дигари ин гурӯҳ байни мунтахабҳои Англия ва Гана бо ҳисоби 0:0 ба охир расид.
Дар ҷадвали гурӯҳи L мунтахабҳои Англия ва Гана бо чаҳоримтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои якуму дувумро соҳиб шудаанд. Хорватия бо се имтиёз дар ҷойи севум ва Панама бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор доранд.
Дар даври севум 28-уми июн соати 02:00 бо вақти Душанбе Панама бо Англия ва Хорватия бо Гана рӯбарӯ мешаванд.
Тимҳои миллии Мексика, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Фаронса, Норвегия, Аргентина ва Колумбия, ки бо шашимтиёзӣ дар гурӯҳҳои худ пешсафанд, ба даври плей-оффи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 роҳ ёфтаанд.
Дар 14 рӯзи мусобиқа 48 бозӣ доир гардид. 34 бозӣ бо пирӯзии яке аз дастаҳо хотима ёфт ва 14 дидор бо натиҷаи мусовӣ ба поён расид. Дар 48 бозӣ 141 гол зада шуд.
Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 Лионел Месси бо 5 гол дар мақоми аввал аст. Ин ҳамлагари аргентинӣ, ки 24-уми июн 39-сола шуд, дар таърихи Ҷоми ҷаҳонии футбол рекорди нав гузошт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь