Бо мақсади ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва пешгирии паҳншавии маҳсулоти ғайристандартӣ аз ҷониби гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо кормандони милитсияи пойтахт ҷиҳати ба низом даровардани фаъолияти ошхонаҳо, қаҳвахонаҳо ва дигар нуқтаҳои хӯроки умумӣ рейду корҳои профилактикӣ баргузор мегарданд.
Аз ҷумла, зимни азназаргузаронии ҳолати санитарӣ дар сихкабоби «Шоми Хуҷанд», воқеъ дар кӯчаи Яккачинор, 334 килограмм маҳсулоти гӯштии пастсифат ва ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯнабуда ошкор гардид.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ёрматов Хуршед, соҳибмулки сихкабоби «Шоми Хуҷанд», тибқи талаботи моддаи 274 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, маҳсулоти пастсифат мусодира ва безарар гардонида шуд.
Аз соҳибмулкони марказҳои хизматрасонӣ талаб карда мешавад, ки ба ҳуқуқи истеъмолкунандагон эҳтиром гузошта, зимни фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ талаботи қонунгузориро қатъиян риоя намоянд.

Рейд дар “Шоми Хуҷанд”
Блоки рекламавӣ


