Гурӯҳ равшанфикрон, ходимони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, рӯзноманигорони вилояти Суғд таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода ба шаҳри Душанбе сафар намуда, оромгоҳи фарзандони барӯманди миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон Нурсатулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва ходими давлативу ҷамъиятӣ Нисор Муҳаммадро зиёрат намуданд.
Иштирокчиёни маросим бар сари турбати ин шахсиятҳои барҷаста гулчанбар ва гулдастаҳо гузошта, бо эҳтиром хотираи неки онҳоро гиромӣ доштанд.
Хизматҳои арзишманди фарзандони содиқи Ватан дар роҳи ташаккули давлатдории миллӣ, ҳифзи манфиатҳои мардум ва пешрафти ҷомеа дар саҳифаҳои таърих абадан сабт шуда, гиромидошти хотираи шахсиятҳои таърихӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад аз шаҳри Маскав ба Ватан оварда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь