Кремл аз барномаи сафари Владимир Путин, Президенти Русияро ба Тоҷикистон гуфт.
Хабаргузории русии ТАСС бо такя ба дафтари матбуоти Президенти Руссия гуфтааст, ки Владимир Путин бегоҳи чаҳоршанбе, ҳаштуми октябр, бо сафари давлатӣ бо як ҳайати калони ҳукуматӣ, вориди Душанбе мегардад.
Тибқи иттилои Кремл, Путинро дар сафар ба Душанбе ду муовини нахуствазир, ҳамчунин вазирони дифоъ, дохилӣ, рушди иқтисод, молия, адлия, меҳнат, саноат, тандурустӣ, нақлиёт ва дигар мақомоти баландпоя, ҳамроҳӣ мекунанд.
Сафари Путин ба Тоҷикистон бо гузоштани гулчанбар бар пояи ёдгории Исмоили Сомонӣ дар маркази Душанбе, оғоз меёбад ва пас аз он зиёфати чошти ғайрирасмӣ бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, баргузор мегардад.
Хабаргузории ТАСС аз қавли Юрий Ушаков, ёвари президенти Руссия навиштааст, ки субҳи 9 октябр маросими истиқболи расмӣ аз Путин дар “Қасри Миллат”-и Душанбе баргузор мешавад ва пас аз он президентҳои ду кишвар як ба як мулоқот мекунанд.
Сипас мулоқоти дуҷонибаи ҳайатҳо сурат мегирад ва ба гуфтаи манбаъ, қарор аст дар бораи ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ баҳс ва табодули назар сурат гиранд. Раҳбарони Тоҷикистон ва Русия ҳамчунин дар мавриди масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ гуфтугӯ мекунанд.
Ба қавли ёвари Путин, пас аз гуфтугӯҳо интизор меравад, ки ду президент баёнияи муштараке дар бораи тавсеаи шарикӣ ва ҳампаймонии стратегӣ содир кунанд, ки дар он самти нави ҳамкориҳо миёни Душанбе ва Маскав муайян мешавад. Сипас ду президент дар рӯбарӯи хабарнигорон сӯҳбат мекунанд.
Путин ҳамчунин рӯзҳои 9 ва 10 октябр дар саммити кишварҳои Осиёи Марказӣ+Русия ва ҳамоиши сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, иштирок менамояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь