Дар мулоқоти ҳайатҳои Руссия ва Амрико 25 ноябр дар Абу-Даби вазири артиши ИМА Дэн Дрисколл нақшаи нави ҳалли сулҳро дар Украина муаррифӣ мекунад. “Сухан дар бораи ҳуҷҷати мборат аз нуздаҳ банди мувофиқашуда бо намояндагони ИА дар Женева дар рӯзҳои истироҳат меравад”, – менависад Politico бо истинод ба манбаъҳо.
Расонаҳо навиштаанд, ки дар ибтидо нақшаи Президенти ИМА Доналд Трамп аз 28 нукта иборат буд, аммо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ислоҳи баъзе муқарраротро пешниҳод карданд. Як рӯз пеш Bloomberg хабар дод, ки дар фарзияи нав дар бораи истифодаи дороиҳои “яхкарда” – и Руссия муқаррарот вуҷуд надорад.
Имрӯз, Financial Times ва CBS дар бораи музокироти Руссия ва ИМА дар АМА хабар доданд. Тибқи маълумоти FT, ҷаноби Дрисколл инчунин бо роҳбари Раёсати разведкаи Вазорати Мудофиаи Украина Кирилл Буданов мулоқот хоҳад кард. Дар Кремл хабарҳо дар бораи музокирот тасдиқ нашуданд, аммо рад ҳам нашуданд.



