Мақомоти интизомии Тоҷикистон фақат дар як рӯз ду зани ҷавонро аз қасди худкушӣ наҷот додаанд. Ҳарду ҳам худро ба дарё андохта, вале раҳгузарон садди онҳо шудаанд.
Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 8-уми июн дар баёнияаш гуфтааст ду ҷавонеро, ки нагузоштаанд, занони ҷавон даст ба худкушӣ зананд, бо сипоснома ва подоши молӣ қадрдонӣ кардаанд.
Ин ҷавонон Азимҷон Валиев ва Фаридуншоҳ Ваҳҳобов ном доштаанд, ки аввалӣ духтареро аз рӯдхонаи Душанбе ва дувумӣ аз рӯдхонаи Кофарниҳон берун кашидаанд.
Ному насаби духтаронро нагуфтаанд, аммо дар хабар омадааст, ки ҳарду ҳодиса рӯзи 1-уми июн сурат гирифтааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь