“Парвандаҳои афроде, ки барои гузоштани “лайк”-у шарҳ дар интернет ҳукм гирифтанд, имкон дорад, ки бозбинӣ шавад” – гуфт Раиси Суди Олии ҶТ Рустам Мирзозода.
Мирзозода дар нишасти матбуотӣ гуфтааст, ки қонунгузории мазкур имкони бозбинии чунин парвандаҳоро пешбинӣ мекунад, аммо дар амал бештари гунаҳгорон дар ин гуна ҷиноятҳо, тибқи моддаҳои дигар низ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
“Агар ҳукм танҳо дар мавриди “лайк ва репост” содир шуда бошад, судҳо омодаанд, ки чунин қарорҳоро бознигарӣ кунанд”, – қайд кард Мирзозода.
Блоки рекламавӣ



