Дар Тоҷикистон, ки сокинонаш аз норасоии барқ ранҷ мекашанд ва барои ҳалли ин мушкил роҳҳои гуногунро таҷриба мекунанд, воридоти панелҳои офтобиро аз пардохти боҷи гумрукӣ ё андоз аз арзиши иловашуда, озод карданд.
Бар асоси тағйирот ба Кодекси андоз, ки рӯзи 17 декабр Парлумони Тоҷикистон қабул кард, барои овардани панелҳои офтобӣ то якуми январи соли 2031 боҷи гумрукӣ гирифта намешавад.
Ба гуфтаи масъулини Кумитаи андоз, имтиёз бо ҳадафи ҳавасмандсозӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истифода аз панелҳои офтобӣ ва қисмҳои эҳтиётии он пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон бо ин, тибқи Кодекси андоз ба заминҳое ҳам, ки дар он таҷҳизоти тавлидкунандаи барқ истифода ва насб мешавад, сабукӣ дода мешавад. Яъне, соҳибони чунин заминҳо барои 5 сол аз пардохти андози замин озод карда мешаванд.

Панелҳои офтобӣ аз андоз озод шуданд
Блоки рекламавӣ


