Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Аҳмадов С.М. муайян намуд, ки номбурда дар вазифаи сармуҳосиби Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кору фаъолият намуда, зимни фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколатҳои мансабдориаш дар ҳолатҳои зерин даст ба содир намудани ҷиноятҳои қасдона зад.
Чунончи, Аҳмадов С.М. зимни фаъолияти кориаш ҳамчун шахси масъулияти моддидошта аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо муҳосиби Институти болозикр Исматӣ Ф.С. нақшаи тасарруфи маблағҳои буҷетиро аз ҳисоби музди меҳнати омӯзгорон ва дигар хароҷотҳо тарҳрезӣ намуданд. Зимнан номбурдагон қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, давоми солҳои 2023 – 2025 бо роҳи сохтакории асноди муҳосиботӣ дар якчанд ҳолат ҷамъ маблағи 1.046.366 сомониро ҳамчун пардохти музди маош ва дигар хароҷотҳо дар ҳисоботҳои Институт нишон дода, ин миқдор маблағро ба кортҳои бонкии худ интиқол дода, онро нақдӣ кунонида, ба тасарруфи худ дароварданд, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расониданд.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Аҳмадов С.М. ва Исматӣ Ф.С. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айборкунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ

Ошкори ҳолати азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ
Блоки рекламавӣ


