Мақомоти Чеченистон ба Одам Қодиров, писари ҳаждаҳсолаи Рамазон Қодиров, раҳбари ин ҷумҳурӣ, барои саҳм гузоштан дар “амалиёти махсуси низомӣ” дар Украина медал ё нишони фахрӣ доданд.
Аҳмад Дудаев, муовини раиси ҳукумати Чеченистон, рӯзиякуми июн навишт: “Ҷоизаи олӣ эътирофи саҳми сазовори Одам Рамазанович дар таъмини амният ва пуштибонӣ аз амалиёти махсуси низомӣ аст.”
Ба гуфтаи Аҳмад Дудаев, писари Рамазон Қодиров ба ҳайси ҳамоҳангсози Донишгоҳи нерӯҳои махсуси ба номи Путин дар шаҳри Гудермес “дар рушди яке аз муҳимтарин марказҳои омодасозии ҳомиёни Ватан фаъолона саҳм мегузорад”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь