Додгоҳи ноҳияи Нуробод, Муҳимҷон Раҳмонов, омӯзгори латукӯбшударо 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 1560 сомонӣ, ҷарима кардааст. Муҳимҷон Раҳмонов гуфта буд, ки рӯзи 8-уми май бародари як хонанда ӯро задааст.
Ҳукм сеюми июн содир шуда, додгоҳ ин омӯзгорро дар иҷро накардани ӯҳдадорӣ дар мавриди таълиму тарбияи кӯдак,гунаҳор кард.
Ба иттилои манбаъ, омӯзгор дар додгоҳ “сухани дағал гуфтан” ба як хонандаро қабул кардааст, аммо гуфтааст, аз болои ҳукм шикоят мебарад.
Манбаъ дар Додгоҳи ноҳияи Нуробод гуфтааст Миралӣ Орзуев, касе, ки омӯзгорро латукӯб кардааст, ба панҷ шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд.
Блоки рекламавӣ


