Аз соли 2022 то имрӯз ба ноҳияи Носири Хусрав аз шаҳру ноҳияҳои камзамини ҷумҳурӣ зиёда аз 120 оилаи муҳоҷирони экологӣ кӯчонида шуда, бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин гардидаанд. Дар ин бора раиси ноҳияи Носири Хусрав Маҳмадаюб Шарифзода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ба ҳар як оилаи муҳоҷир 6 сотиқ замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, барои бунёди манзили истиқоматӣ 5 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ низ дода шудааст.
Раиси ноҳия гуфт, барои кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 гектар замин ҷудо гардидааст.
Ҳамзамон, муҳоҷироне, ки омӯзгор мебошанд, ҳангоми сохтмони манзили истиқоматӣ дастгирӣ ёфта, баъди кӯчидан бо ҷойи кори доимӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Носири Хусрав таъмин карда мешаванд.
Ба гуфтаи масъулон, тадбирҳои мазкур ба беҳтар намудани шароити зисти оилаҳои муҳоҷир ва таъмин намудани онҳо бо имконияти зиндагии арзанда равона гардидааст.
Асосӣ Хабари рӯз Носири Хусрав: Зиёда аз 120 оилаи муҳоҷири экологӣ бо замини наздиҳавлигӣ таъмин...

Носири Хусрав: Зиёда аз 120 оилаи муҳоҷири экологӣ бо замини наздиҳавлигӣ таъмин шуданд
Блоки рекламавӣ


