Никола Саркозӣ, Президенти пешинаи Фаронса рӯзи 21 октябр барои гузаронидани давраи панҷсолаи маҳбусӣ ба зиндон андохта шуд.
Вай аввалин Президенти пешинаи як кишвари узви Иттиҳоди Аврупо аст, ки зиндонӣ мешавад. Саркози ҳамчунин аввалин Президенти Фаронса аст, ки пас аз Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ ҳабс мегардад.
Саркозӣ ки солҳои 2007-2012 Президенти Фаронса буд, чанд ҳафта пеш ба иттиҳоми дарёфти пул аз Маъмар Қаззофӣ, раҳбари пешин ва кушташудаи Либия барои маъракаи интихоботие, ки 18 сол пеш сабаби пирӯзии ӯ шуд, гунаҳкор дониста шуд.
Хабарнигорони хабаргузории “Франс-пресс” мушоҳида карданд, ки Саркозии ҳафтодсола субҳи 21 октябр дар ҳоле, ки ба ҳукми додгоҳ эътироз мекард, хонаашро тарк кард ва бо ҳамроҳии пулис вориди яке аз зиндонҳои пойтахти Фаронса гардид.
Хабарнигорони хабаргузории “Франс пресс” ҳамчунин гузориш додаанд, ки шуниданд, зиндониён аз пушти панҷараҳо фарёд мезаданд, “Хуш омадӣ, Саркозӣ” ва “Саркозӣ инҷост”.
Саркозӣ дар паёме, ки ҳангоми интиқол ба зиндон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард, ҳар гуна қонуншиканиро рад кард. Ӯ дар шабакаи иҷтимоӣ навишт, ки “имрӯз, субҳ Президенти пешина ба зиндон намеравад, балки як марди бегуноҳ зиндонӣ мешавад”.
Ба гузориши хабаргузориҳо, даҳҳо нафар аз тарафдорон ва аъзои хонаводаи Саркозӣ, ки аз субҳи барвақт дар назди хонаи ӯ ҷамъ омада буданд, ҳангоми рафтани вай аз хона ҳамроҳи ҳамсараш Карла Бруни фарёд мезаданд, “Николаро озод кунед”.
Кормандони зиндон ба хабаргузории “Франс пресс” гуфтаанд, ки Саркозӣ эҳтимолан дар бахши инфиродии зиндон нигаҳ дошта мешавад.
Ба гуфтаи онҳо, ин кор аз тамос бо дигар зиндониён ё гирифтани акс аз ӯ бо телефонҳои ҳамроҳи қочоқшуда, пешгирӣ хоҳад кард.
Дар утоқи инфиродӣ зиндониён рӯзона як бор иҷоза доранд ба танҳоӣ дар ҳавлии хурди зиндон қадам зананд. Саркозӣ ҳамчунин ҳафтае се бор иҷозаи мулоқот дорад.
Саркозӣ аз замони шикаст дар интихоботи 2012 бо чанд мушкили қонунӣ рӯбарӯ шуд ва дар ду парвандаи алоҳида маҳкум шудааст.
Дар яке аз онҳо, ӯ бинобар фасоди молӣ таҳти боздошти хонагӣ қарор дошт.
Саркозӣ пештар низ бинобар маҳкумияти қаблӣ дар парвандаи фасод, аз баландтарин нишони ифтихории Фаронса, Legion of Honour, маҳрум гардида буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь