Дар пайи канда шудани батут (“лимпопо”) дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд навраси даҳсола ҷон бохта, панҷ каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳодиса шоми 1-уми июн дар канори обанбори “Баҳри тоҷик” рух додааст.
Дар дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи дуюми июн гуфтаанд, “бар асари вазидани шамоли сахт, батут (“лимпопо”), ки барои бозии кӯдакон насб гардида буд, канда шуда, ба тарафи баҳр афтод. Шаш ноболиғро бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхона бурданд, вале як нафари онҳо, Манучеҳр Музаффарзодаи даҳсола ҳалок шуд.” Ин наврас аз шаҳри Конибодом мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь