Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холид ибни Абдуллоҳ аш-Шамронӣ ва ҳайати ҳамроҳони ӯро, ки барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд-2026» ба вилояти Суғд ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Раиси вилояти Суғд изҳор дошт, ки дар доираи ин ҳамкориҳо барои рушди муносибатҳои байниминтақавӣ, ҷалби сармоя, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва тавсеаи робитаҳои иқтисодиву фарҳангӣ имкониятҳои мусоид фароҳам омадааст.
Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раҷаб Аҳмадзода таъкид кард, ки бо дастгирии Пешвои миллат дар вилояти Суғд фазои мусоиди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ муҳайё гардида, барои татбиқи тарҳҳои нави иқтисодӣ тамоми имкониятҳо мавҷуданд. Ӯ таваҷҷуҳи ҳайати меҳмонро ба имкониятҳои вилоят дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ҷалб намуда, омодагии мақомоти вилоятро барои густариши ҳамкорӣ бо ширкатҳо ва доираҳои соҳибкориву сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ иброз дошт.
Дар навбати худ, Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Холид ибни Абдуллоҳ аш-Шамронӣ барои даъват ва дар сатҳи баланд баргузор гардидани Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд-2026» изҳори сипос намуд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ таъкид намуда, зарурати густариши бештари робитаҳои иқтисодиро муҳим арзёбӣ карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь