5 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр, кишвари раисикунанда дар Шурои Иттиҳоди Аврупо Константинос Комбосро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Кипр ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.
“Мо ба ҳамкории судманди дарозмуддат бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он манфиатдорем” — иброз доштанд дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Зимнан, алоқамандии Тоҷикистон ба тавсеаи робитаҳои дуҷониба бо Кипр дар арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи ҳарду ҷониб иброз гардид.
Ҳамчунин, таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон тасмим гирифтааст Созишномаи тавсеаёфтаи шарикӣ ва ҳамкориро бо Иттиҳоди Аврупо ба имзо расонад ва манфиатдор аст, ки рӯзномаи ҳамкории минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо тавсеа ёбад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь