Сеюми июн Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода бо вазири федералии энергетикии Ҷумҳурии Исломии Покистон Авайс Аҳмад Хан Леғарӣ мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид шуд, ки энергетика яке аз самтҳои калидии ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Покистон ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, ба тақвияти ҳамкорӣ оид ба татбиқи босамари лоиҳаи CASA-1000 таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Сарвазири кишвар таъкид намуд, ки Тоҷикистон дорои захираи бузурги гидроэнергетикӣ буда, ба истеҳсоли неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза авлавият медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь