Имрӯз раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҳайати намояндагони Агентии байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ) таҳти роҳбарии хонум Стейскал Сандра Мари мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти рушди соҳаи тандурустӣ, мубориза бо бемориҳои саратонӣ, такмили ихтисоси мутахассисон ва истифодаи технологияҳои муосири тиббӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар доираи ҳамкориҳои МАГАТЭ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Хатлон, як қатор лоиҳаҳои муҳим амалӣ гардидаанд. Марказҳои саратоншиносии вилоят бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ, аз қабили дастгоҳҳои ултрасадо, рентгени рақамӣ, маммографияи рақамӣ ва томографияи компютерӣ таъмин шудаанд, ки барои ташхиси барвақтии бемориҳои саратонӣ ва баланд бардоштани сифати табобат аҳаммияти калон доранд.
Бояд таъкид намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 аз ҷониби МАГАТЭ Барномаи TAD6009 «Бехатаргардонии имконоти ташхисии Маркази вилоятии саратоншиносии шаҳри Кӯлоб» тасдиқ гардид. Дар доираи ин барнома солҳои 2023–2025 ба марказ таҷҳизоти муосири ташхисӣ, аз ҷумла дастгоҳи ултрасадои ESAOTE, рентгенографияи рақамӣ, маммографияи рақамӣ ва томографияи компютерӣ ворид ва насб карда шуданд.
Моҳи июли соли 2023 дастгоҳи замонавии ултрасадои ESAOTE ба маблағи зиёда аз 26 ҳазор евро ба марказ дастрас гардид. Соли 2024 дастгоҳи рентгени рақамӣ ба маблағи беш аз 203 ҳазор евро ворид шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Моҳи феврали соли 2025 бошад, дастгоҳи маммографияи рақамӣ ба маблағи зиёда аз 141 ҳазор евро насб ва ба истифода дода шуд.
Дар анҷоми мулоқот раиси вилояти Хатлон ба роҳбарият ва намояндагони Агентии байналмилалии неруи атомӣ барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, ба фаъолияти минбаъдаи онҳо комёбиҳои нав орзу кард.

Мулоқоти Давлаталӣ Саид бо Стейскал Сандра
Блоки рекламавӣ


