Муҳимҷон Раҳмонов, омӯзгор аз ноҳияи Нуробод, аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки латукӯб шудани ӯро аз нав таҳқиқ карда, сабабгори ҳодисаро ҷазои муносиб диҳанд, вагарна аз тарбияи фарзандони мардум даст мекашад. Ӯ баёнияашро дар як навори видеоӣ ба расонаҳо фиристодааст.
Раҳмонов дар навор мегӯяд, яке аз шогирдонро барои гапгардонӣ сарзаниш карда буд, аммо бародари ӯ, соҳибкор Миралӣ Орзуев, ба ҷойи ислоҳи вазъ 8-уми май омӯзгори ҷавонро зада ва ҳам таҳдиди куштан кардааст.
Миралӣ Орзуев дар навбати худ гуфта буд, ки омӯзгорро назадааст.
Санҷиши пизишкӣ осеб дидани омӯзгорро тасдиқ кард ва масъулони Шуъбаи маорифи ноҳияи Нуробод низ бо нияти кумак ба ӯ ба хонааш рафтанд. Аммо дертар додгоҳ омӯзгорро ҷарима баст ва омили латукӯби ӯ, Миралӣ Орзуевро панҷ рӯз ба ҳабс гирифт.
Муҳимҷон Раҳмонов аз чунин бархӯрд навмед шудааст: “Бар замми ҳама заҳмату азобҳоям, заданд, боз ҷаримаам карданд. Мегӯянд, кори кардаи ӯ ҷиноят нест, ҳуқуқвайронкунӣ аст. Қонун дар бораи мақоми омӯзгорро касе ба инобат нагирифт.”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь