Дар натиҷаи санҷиши навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншуда муайян гардид, ки ҳодисаи мазкур бо иштироки истиқоматкунандагони деҳаи Қалъанаки ҷамоати деҳоти Муҷихарфи ноҳияи Нуробод рух дода, як гурӯҳ ноболиғон бачаи рӯбоҳро аз муҳити табиии зисташ дастгир намуда, ба он осеби ҷисмонӣ расонидаанд.
Аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Нуробод шахсияти иштирокчиёни ҳодиса ва суроғаи истиқомати онҳо муайян гардида, аз онҳо ва волидонашон баёнот гирифта шуд. Тибқи маълумоти бадастомада, ҳолати мазкур мавриди омӯзиш ва баррасии ҳамаҷониба қарор дошта, нисбат ба амалҳои содиршуда тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои дахлдор андешида мешаванд.
Тибқи баёноти гирифташуда, ноболиғон изҳор доштаанд, ки ин амалро аз ҳисоби надонистани талаботи қонунгузорӣ ва дарк накардани оқибатҳои чунин рафтор нисбат ба ҳайвоноти ваҳшӣ анҷом додаанд. Бо мақсади пешгирии такрори чунин ҳолатҳо, аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист бо онҳо ва волидонашон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарбиявӣ гузаронида шуданд.
Дар амалҳои содиршуда аломатҳои ғайриқонунӣ аз муҳити табиии зист дастгир намудани ҳайвони ваҳшӣ, расонидани зарар ба объекти олами ҳайвонот, муносибати бераҳмона нисбат ба ҳайвони ваҳшӣ ва вайрон намудани қоидаҳои ҳифз ва истифодаи объектҳои олами ҳайвонот мушоҳида мегарданд.

Моҷарои рӯбоҳбача дар Нуробод
Блоки рекламавӣ


