Навори муносибати бераҳмона ва рафтори хушунатомез нисбат ба кӯдаки хурдсол аз ҷониби модар, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, боиси нигаронӣ ва вокунишҳои манфии шаҳрвандон шуд, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт мавриди санҷиши ҳамаҷониба қарор гирифт. Дар натиҷа муайян карда шуд, ки зани дар навор инъикосёфта шаҳрванд Бурҳонова Мавлуда, соли таваллудаш 2004 мебошад, ки бо кӯдаки як солаи худ чунин муносибати бераҳмонаро раво дидааст.
Номбурда собиқаи доғдоркунандаи ҷиноятӣ дошта, қаблан барои содир намудани ҷиноятҳои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва ҷалб намудан ба фоҳишагӣ, тибқи талаботи моддаҳои 110 ва 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб гардидааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур, аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино нисбати шаҳрванд Бурҳонова М. маводи зарурӣ тартиб дода шуд. Ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак ва татбиқи талаботи моддаи 73 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки гирифтани кӯдакро аз падару модар бидуни маҳрум намудани онҳо аз ҳуқуқҳои падариву модарӣ пешбинӣ менамояд, маводҳо барои баррасӣ ба суд ирсол карда мешаванд.
Ҳамзамон, масъалаи таъмини амният, нигоҳубин ва тарбияи минбаъдаи кӯдак таҳти назорати мақомоти дахлдор қарор дорад.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз тамоми шаҳрвандон даъват ба амал меорад, ки нисбат ба таълиму тарбия, нигоҳубин ва ҳифзи ҳуқуқҳои фарзандон бо эҳсоси баланди масъулият муносибат намоянд. Зеро кӯдакон барои волидайн амонат ва ояндаи давлату миллат ба шумор меравад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь