Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар дар натиҷаи тафтишу санҷишҳои молиявӣ 16 миллиону 219 ҳазору 54 сомонӣ зарару камбудиҳои молиявӣ ошкор гардид.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Бохтар иттилоъ дода шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра мутахассисони шуъбаи назорати давлатии молиявии раёсат дар 98 ташкилоту муассиса ва субъектҳои дигари хоҷагидории давлатӣ тафтишу санҷишҳои молиявӣ анҷом додаанд. Аз ин шумора 80 тафтишу санҷиш тибқи нақша гузаронида шуда, ҳаҷми зарару камбудиҳои ошкоршуда аз рӯи онҳо 13 миллиону 617 ҳазору 948 сомонӣ-ро ташкил додааст.
Ҳамчунин, 18 санҷиши дигар дар асоси гузоришу супоришҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ гузаронида шуда, дар натиҷаи онҳо 2 миллиону 601 ҳазору 106 сомонӣ зарару камбудиҳои молиявӣ муайян гардидааст.
Зикр гардид, ки аз маблағи умумии зарару камбудиҳои ошкоршуда дар натиҷаи чораҳои андешидашуда 15 миллиону 932 ҳазору 855 сомонӣ, ё 98,2 фоизи он, барқарор карда шудааст.



