Ҳамлагар ва капитани дастаи мунтахаби футболи Аргентина Лионел Месси боз як дастоварди таърихиро дар фаъолияти худ сабт кард. Футболбози 38-сола дар бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон-2026 бар муқобили мунтахаби Алҷазоир ба ҳайати асосӣ ворид шуда, 200-умин бозии худро дар ҳайати тими миллии Аргентина анҷом дод.
Месси дар тӯли ин 200 бозӣ натиҷаҳои назаррас нишон дода, 117 гол ба самар расонида ва 61 партофти головар анҷом дод. Ӯ солҳои зиёд ҳамчун раҳбари асосии дастаи мунтахаби футболи Аргентина баромад намуда, дар ба даст овардани муҳимтарин дастовардҳои даста нақши калидӣ бозид.
Бо тими миллии кишвараш Лионел Месси соли 2022 қаҳрамони ҷаҳон шуд.Ӯ соли 2014 ба гирифтани медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон ноил шуда, ду маротиба — солҳои 2021 ва 2024 — соҳиби Ҷоми Амрико шуд.
Чемпионати ҷаҳон-2026 аз 11 июн то 19 июл дар се кишвари Амрикои Шимолӣ — Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор мешавад. Мунтахаби Аргентина ҳамчун қаҳрамони феълии ҷаҳон дар ин мусобиқа иштирок дорад. Аргентиниҳо дар финали Ҷоми ҷаҳонии соли 2022 дар Қатар мунтахаби Фаронсаро пас аз мусовии 3:3 дар силсилаи зарбаҳои пеналтӣ бо ҳисоби 4:2 мағлуб карда, соҳиби унвони қаҳрамонӣ шуда буданд.Дар бозии аввалин бо дастаи мунтахаби Сенегал ба Мессии сиюҳаштсола муяссар шуд, ки се гол ба дарвозаи дастаи Сенегал занад ва ба унвони нишонзани беҳтарини чемпионатҳои ҷаҳон дар таърих даъвогар шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь