Даври дувуми марҳалаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки бори аввал дар се кишвар – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор шудааст, бо чаҳор бозӣ дар гурӯҳҳои А ва В оғоз ёфт.

Тими миллии Швейтсария мунтахаби Босния ва Ҳерсеговинаро бо ҳисоби 4:1, Канада тими Қатарро бо ҳисоби 6:0, Мексика дастаи Кореяи Ҷанубиро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд. Бозии мунтахаби Ҷумҳурии Чех бо тими Африқои Ҷанубӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид.

Ҳамин тариқ, тими миллии Мексика, ки пирӯзии дувумашро ба даст овард, бо 6 имтиёз дар гурӯҳи А мақоми аввалро касб кардааст. Сарфи назар аз натиҷаи бозии даври севум муқобили мунтахаби Ҷумҳурии Чех мексикоиҳо аввалин шуда ба плей-оффи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 роҳ ёфтанд.

Ба ин тартиб, дар нуҳ рӯзи мусобиқа 28 бозӣ доир гардид. 18 бозӣ бо пирӯзии яке аз дастаҳо хотима ёфт ва 10 дидор бо натиҷаи мусовӣ ба поён расид. Дар 28 бозӣ 89 гол зада шуд.
Дар ҳоли ҳозир дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин ҳамлагари мунтахаби Аргентина Лионел Месси ва ҳамлагари тими миллии Канада Ҷонатан Дэвид пешсафанд, ки ҳар кадом сеголӣ ба самар расонидаанд.

Аз рӯи нишондодҳои иловагӣ Лионел Месси пешсафи нишонзанҳост. Аргентинӣ 80 дақиқаро дар майдон гузаронидааст, Дэвид бошад, 151 дақиқа.

Ҳамлагарони мунтахаби ИМА ва Канада Фоларин Балогун ва Кайл Ларин, нимҳимоятгарони тимҳои миллии Олмон ва Шведсия Кай Ҳавертс ва Ёсин Айорӣ, ҳамлагари Зеландияи Нав Элайҷи Ҷаст, нимҳимоятгари Швейтсария Йоҳан Манзамби, инчунин ҳамлагарони Норвегия, Фаронса ва Англия Эрлинг Ҳоланд, Килиан Мбаппе ва Ҳарри Кейн дуголӣ задаанд.

Натоиҷи бозиҳои марҳалаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 ва мавқеи дастаҳои мунтахаб дар гурӯҳҳо:

Гурӯҳи А

Мексика – ҶАҶ (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) – 2:0
Кореяи Ҷанубӣ – Ҷумҳурии Чех – 2:1
Мексика – Кореяи Ҷанубӣ – 1:0
Ҷумҳурии Чех – ҶАҶ – 1:1

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т/Т И
1 Мексика 2 2 0 0 3-0 6
2 Кореяи Ҷанубӣ 2 1 0 1 2-2 3
3 Ҷумҳурии Чех 2 0 1 1 2-3 1
4 Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ 2 0 1 1 1-3 1

Гурӯҳи В
Канада – Босния ва Ҳерсеговина – 1:1
Қатар – Швейтсария – 1:1
Канада – Қатар – 6:0
Швейтсария – Босния ва Ҳерсеговина – 4:1

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т/Т И
1 Канада 2 1 1 0 7-1 4
2 Швейтсария 2 1 1 0 5-2 4
3 Босния ва Ҳерсеговина 2 0 1 1 2-5 1
4 Қатар 2 0 1 1 1-7 1

Гурӯҳи С
Бразилия – Марокаш – 1:1
Ҳаити – Шотландия – 0:1

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т/Т И
1 Шотландия 1 1 0 0 1-0 3
2 Марокаш 1 0 1 0 1-1 1
3 Бразилия 1 0 1 0 1-1 1
4 Ҳаити 1 0 0 1 0-1 0

Гурӯҳи D
ИМА – Парагвай – 4:1
Австралия – Туркия – 2:0
Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т/Т И
1 ИМА 1 1 0 0 4-1 3
2 Австралия 1 1 0 0 2-0 3
3 Туркия 1 0 0 1 0-2 0
4 Парагвай 1 0 0 1 1-4 0

Гурӯҳи Е
Кот-д’Ивуар – Эквадор – 1:0
Олмон – Курасао – 7:1
Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т/Т И
1 Олмон 1 1 0 0 7-1 3
2 Кот-д’Ивуар 1 1 0 0 1-0 3
3 Эквадор 1 0 0 1 0-1 0
4 Курасао 1 0 0 1 1-7 0

Гурӯҳи F
Шведсия – Тунис –5:1
Нидерланд – Ҷопон – 2:2
Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т/Т И
1 Шведсия 1 1 0 0 5-1 3
2 Ҷопон 1 0 1 0 2-2 1
3 Нидерланд 1 0 1 0 2-2 1
4 Тунис 1 0 0 1 1-5 0
Гурӯҳи G
Эрон – Зеландияи Нав – 2:2
Белгия – Миср – 1:1
Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т/Т И
1 Эрон 1 0 1 0 2-2 1
2 Зеландияи Нав 1 0 1 0 2-2 1
3 Белгия 1 0 1 0 1-1 1
4 Миср 1 0 1 0 1-1 1

Гурӯҳи Н
Арабистони Саудӣ – Уругвай – 1:1
Испания – Кабо-Верде – 0:0
Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т/Т И
1 Арабистони Саудӣ 1 0 1 0 1-1 1
2 Уругвай 1 0 1 0 1-1 1
3 Испания 1 0 1 0 0-0 1
4 Кабо-Верде 1 0 1 0 0-0 1

Гурӯҳи I
Ироқ – Норвегия – 1:4
Фаронса – Сенегал –3:1
Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т/Т И
1 Норвегия 1 1 0 0 4-1 3
2 Фаронса 1 1 0 0 3-1 3
3 Сенегал 1 0 0 1 1-3 0
4 Ироқ 1 0 0 1 1-4 0

Гурӯҳи J
Аргентина – Алҷазоир – 3:0
Австрия – Урдун – 3:1
Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т/Т И
1 Аргентина 1 1 0 0 3-0 3
2 Австрия 1 1 0 0 3-1 3
3 Урдун 1 0 0 1 1-3 0
4 Алҷазоир 1 0 0 1 0-3 0

Гурӯҳи К
Узбекистон – Колумбия – 1:3
Португалия – ҶД Конго –1:1
Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т/Т И
1 Колумбия 1 1 0 0 3-1 3
2 ҶД Конго 1 0 1 0 1-1 1
3 Португалия 1 0 1 0 1-1 1
4 Узбекистон 1 0 0 1 1-3 0
Гурӯҳи L
Гана – Панама – 1:0
Англия – Хорватия – 4:2
Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т/Т И
1 Англия 1 1 0 0 4-2 3
2 Гана 1 1 0 0 1-0 3
3 Панама 1 0 0 1 0-1 0
4 Хорватия 1 0 0 1 2-4 0

Дар мусобиқаи ниҳоӣ 48 даста ширкат дорад. Дар маҷмӯъ 104 бозӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то ҳоло 28-тоаш доир гардид.

Чаҳор кишвар – Кабо-Верде (Африқои Ғарбӣ), Курасао (Амрикои Ҷанубӣ), Узбекистон (Осиёи Марказӣ) ва Урдун (Осиёи Ғарбӣ) – дар Ҷоми ҷаҳонӣ аввалин маротиба иштирок мекунанд.

Кабо-Верде бозии аввалашро бо Испания, қаҳрамони феълии Аврупо, бо ҳисоби 0:0 анҷом дод. Курасао аз Олмон бо ҳисоби бузурги 1:7 шикаст хӯрд. Урдун бозиро муқобили Австрия бо ҳисоби 1:3 бохт. Узбекистон аз Колумбия бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуд.

Дар марҳалаи гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дастаҳои мунтахаб ба 12 гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шуда, барои роҳ ёфтан ба плей-офф мубориза мебаранд.

Таркиби гурӯҳҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026:

Гурӯҳи A: Мексика, Африқои Ҷанубӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Чехия
Гурӯҳи B: Канада, Қатар, Швейтсария, Босния ва Ҳерсеговина
Гурӯҳи C: Бразилия, Марокаш, Ҳаити, Шотландия
Гурӯҳи D: ИМА, Парагвай, Австралия, Туркия
Гурӯҳи E: Олмон, Курасао, Кот-д’Ивуар, Эквадор
Гурӯҳи F: Нидерланд, Ҷопон, Тунис, Шведсия
Гурӯҳи G: Белгия, Миср, Эрон, Зеландияи Нав
Гурӯҳи H: Испания, Кабо-Верде, Арабистони Саудӣ, Уругвай
Гурӯҳи I: Фаронса, Ироқ, Сенегал, Норвегия
Гурӯҳи J: Аргентина, Алҷазоир, Австрия, Урдун
Гурӯҳи K: ҶД Конго, Португалия, Узбекистон, Колумбия
Гурӯҳи L: Англия, Хорватия, Гана, Панама

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, инчунин ҳашт тими натиҷаҳояшон хубтари ҷойҳои севум, дар маҷмуъ 32 даста, ба даври 1/16-ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Бозии ниҳоӣ рӯзи 19-уми июл дар варзишгоҳи «Метлайф Стэдиум» (MetLife Stadium), дар шаҳри Ист-Ратерфорд (иёлати Ню-Ҷерси, ИМА) доир мегардад.

Тақвими Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026
дар ИМА, Мексика, Канада (бо вақти Душанбе)

Марҳалаи гурӯҳӣ
Даври дувум

20 июн
00:00. ИМА – Австралия
03:00. Шотландия – Марокаш
05:30. Бразилия – Ҳаити
08:00. Туркия – Парагвай
22:00. Нидерланд – Шведсия
21 июн
01:00. Олмон – Кот-д’Ивуар
05:00. Эквадор – Курасао
09:00. Тунис – Ҷопон
21:00. Испания – Арабистони Саудӣ
22 июн
00:00. Белгия – Эрон
03:00. Уругвай – Кабо-Верде
06:00. Зеландияи Нав – Миср
22:00. Аргентина – Австрия
23 июн
02:00. Фаронса – Ироқ
05:00. Норвегия – Сенегал
08:00. Урдун – Алҷазоир
22:00. Португалия – Узбекистон
24 июн
01:00. Англия – Гана
04:00. Панама – Хорватия
07:00. Колумбия – ҶД Конго

Даври севум

25 июн
00:00. Швейтсария – Канада
00:00. Босния ва Ҳерсеговина – Қатар
03:00. Марокаш – Ҳаити
03:00. Шотландия – Бразилия
06:00. ҶАҶ – Кореяи Ҷанубӣ
06:00. Чехия – Мексика
26 июн
01:00. Курасао – Кот-д’Ивуар
01:00. Эквадор – Олмон
04:00. Тунис – Нидерланд
04:00. Ҷопон – Шведсия
07:00. Туркия – ИМА
07:00. Парагвай – Австралия
27 июн
00:00. Норвегия – Фаронса
00:00. Сенегал – Ироқ
05:00. Кабо-Верде – Арабистони Саудӣ
05:00. Уругвай – Испания
08:00. Зеландияи Нав – Белгия
08:00. Миср – Эрон
28 июн
02:00. Панама – Англия
02:00. Хорватия – Гана
04:30. Колумбия – Португалия
04:30. ҶД Конго – Узбекистон
07:00. Алҷазоир – Австрия
07:00. Урдун – Аргентина
Нарзуллоҳи ЛАТИФ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь