Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» аз баргузор гардидани питчинги лоиҳаҳои синамоӣ хабар медиҳад.
Ҳамоиш 17 июни соли 2026, соати 15:00, дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» баргузор мегардад. Дар ҷараёни он лоиҳаҳои филмҳои бадеӣ муаррифӣ ва аз ҷониби ҳайати коршиносон мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Аз филмноманависон, коргардонҳо ва таҳиягарон даъват карда мешавад, ки барои иштирок лоиҳаҳои худро пешакӣ ба нишонии электронии tojikfilm@gmail.com ирсол намоянд.
Питчинг имконияти муаррифии ғояҳои нав ва дарёфти роҳҳои амалисозии лоиҳаҳои синамоиро фароҳам меорад.
Абдураҳмон Раҳмонов
Блоки рекламавӣ



