Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Кӯдакони Иттиҳод», XII Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд-2026», вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва омодагӣ ба таҷлили шоистаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи масъулини соҳаҳои дахлдор шунида шуда, барои иҷрои саривақтии вазифаҳои пешбинишуда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Таъкид гардид, ки дар доираи Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» кӯдакону наврасон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба вилояти Суғд ташриф оварда, бо таъриху фарҳанг, анъанаҳои миллӣ, мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ ва табиати нотакрори минтақа шинос хоҳанд шуд. Ҳамчунин баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву маърифатӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ дар назар аст.
Зимни муҳокимаи масъалаи омодагӣ ба XII Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд-2026» иттилоъ дода шуд, ки чорабинӣ аз 17 то 20 июн баргузор мегардад. Тибқи барнома, рӯзи 18 июн дар Театри давлатии мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд форуми байналмилалии «Имкониятҳои савдо ва сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ» доир шуда, баъд аз нисфирӯзӣ дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими расмии ифтитоҳи намоишгоҳ баргузор хоҳад шуд. Барномаи чорабинӣ инчунин муҳокимаҳои панелӣ ва муаррифии имкониятҳои иқтисодии минтақаҳои кишварҳои иштироккунандаро дар бар мегирад.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ба таҳкими нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, муаррифии имкониятҳои иқтисодиву сармоягузорӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат намуда, барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Машварати кории Раиси вилояти Суғд
Блоки рекламавӣ


