Дар шаш моҳи охир дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 17 даргирии мусаллаҳона миёни нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ва қочоқчиёни афғон ба вуқуъ пайвастааст.
Дар ин бора сардори Агентии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ Зафар Самад хабар дода, гуфтааст, дар натиҷа 17 қочоқбар безарар гардонида шуд. Ҳамзамон дар ин муддат дар манотиқи марзӣ бо Афғонистон 1 тоннаю 513 кило маводи мухаддир мусодира шудааст.
Блоки рекламавӣ



