23 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди ҳамаҷонибаи футболи кишвар бунёд шуда, барои тамрини футболбозон, омодасозии мураббиён, доварон, мутахассисони соҳа, рушди футболи кӯдакону наврасон, ҷавонон, бонувон ва дастаҳои касбӣ, инчунин оммавигардонии футбол ва тарғиби тарзи ҳаёти солим пешбинӣ шудааст.
Қитъаи замини маҷмаа бо масоҳати умумии 62 000 метри мураббаъ заминаи васеъ ва муносибро барои бунёди инфрасохтори муосиру бисёрсамтаи варзишӣ фароҳам меорад.

Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд
Блоки рекламавӣ


